ЗУКОМИ ХУК МАМЛАКАТҲОИ НАВРО ФАРО МЕГИРАД

Май 12, 2009 15:25

                     Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 11 май 30 мамлакати ҷаҳон ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи ба қайд гирифтани беморони зукоми хук хабар дод. Аз рӯи маълумоти расмӣ дар ин мамлакатҳо то 11 май 4694 шахси бемор ба қайд гирифта шуд. Зукоми хук дар баъзе мамлакатҳои Аврупо низ паҳн мегардад.                         Теъдоди зиёди беморон дар мамлакатҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумла, дар Мексика 1626 шахси бемор ба қайд гирифта шуд. Шумораи беморон дар ИМА ба 2532 нафар расид. Дар ин ҷо аз ин беморӣ то имрӯз 3 нафар вафот кард. Дар Канада ва Коста — Рика низ шумораи зиёди беморон ба қайд гирифта шуданд.  

Май 12, 2009 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид