1 ИЮН-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ МУҲОФИЗАТИ БАЧАГОН
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).- 1 июн дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳофизати бачагон ҷашн гирифта мешавад. Ин на танҳо яке аз идҳои фараҳбахш барои бачагон, балки як навъ хотирасон намудани калонсолон дар ин хусус мебошад, ки бачагон ба ғамхории доимӣ ва муҳофизати калонсолон ниёзманд мебошанд ва калонсолон барои ҳаёти хушбахтонаю осудаи бачагон масъуланд. Рӯзи байналмилалии муҳофизати бачагон аз соли 1950 бо қарори Федератсияи байналмилалии демократии занон таҷлил карда мешавад. Созмони Миллали Муттаҳид ин ташаббуси Федератсияи байналмиллалии демократии занонро дастгирӣ карда, муҳофизати ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии бачагонро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод. Айни ҳол дар назди СММ Муассисаи махсуси наҷоти атфол фаъолият дорад. СММ соли 1959 Эъломияи ҳуқуқи атфолро қабул кард. Дар он падару модарон, мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ, ҳукуматҳо ва созмонҳои ҳукуматию ғайриҳукуматӣ даъват карда мешаванд, ки ҳуқуқу озодии бачагонро эътироф намуда, ба зиндагии осудаҳолонаю хушбахтонаи онҳо мусоидат намоянд. 20 ноябри соли 1989 Муоҳидаи ҳуқуқи бачагон қабул гардид. Рӯзи байналмилалии муҳофизати бачагон дар Тоҷикистон ҳар сол ботантана ҷашн гирифта мешавад. Аз рӯи маълумоти Муассисаи наҷоти атфоли СММ дар саросари ҷаҳон бештар аз нисфи бачагон дар оилаҳое тарбия меёбанд, ки азобу шиканҷа ва зӯроварии ҷисмонию руҳӣ барои онҳо амали муқаррарӣ мебошад. Дар бисёр мамлакатҳо бачагон қурбони амалиёту рафтори ҷинояткоронаи калонсолон қарор мегиранд. Бачагон дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ба ин ё он проблема дучор мегарданд. Масалан, дар ИМА, ки аз бисёр ҷиҳат барои мамлакатҳои дигар намуна аст, проблемаи тамошои аз ҳад зиёди телевизор аз ҷониби бачагон аҳамияти калон пайдо кардааст. Аз меъёр зиёд тамошо кардани телевизион ба саломатии бачагон таъсири манфӣ мерасонад. Дар мамлакатҳои Осиё ва Африқо бачагон дар шароити гуруснагӣ, бесаводӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона ва бемориҳои вазнин зиндагӣ мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бачагии инсонро ҳамчун марҳалаи муҳими ҳаёти он шуморида, бо назардошти принсипҳои афзалиятноки омода сохтани бачагон ба ҳаёти шоиста дар ҷомеа, ривоҷ додани фаъолияти эҷодии онҳо ва тарбияи бачагон дар рӯҳияи олии инсонпарварӣ, ватандӯстӣ ва шаҳрвандӣ тадбирҳои судбахш меандешад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






