ҚОИДАВАЙРОНКУНАНДАГОН ҶАЗОИ МАЪМУРӢ ГИРИФТАНД
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба чашм чунин мерасад, ки ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз рӯи қоидаанд, вале чорабиниҳое, ки аз тарафи Раёсати корҳои дохилии шахри Душанбе гузаронида шуд, фикри моро ботил сохт,- иброз намуданд ронандагони микроавтобусҳое, ки ба соҳибкорӣ машғуланд. Бино ба гуфти сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, полковники милитсия Ф.Г. Саидов, ҳангоми гузаронидани як чорабинӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 71 «Автозаправка» ва 8 нуқтаи фурӯши сӯзишвории иҷозатнома надошта муайян карда шуд. Ҳамаи онҳо ба ҷазои маъмурӣ кашида шуданд. Нисбати 51 нафари онҳо протоколи қоидавайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи умумии 1760 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Вобаста ба 16 нафар ронандагони мошинҳои сӯзишворифурӯшӣ протоколи қоидавайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суди шаҳри Душанбе фиристода шуданд. Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар марказ ба нақшаи кории Раёсати корҳои дохилии шаҳриДушанбе ворид карда шудааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






