ҲАВОПАЙМОҲО БОЗ АЗ ДУШАНБЕ БА СОЧИ ПАРВОЗ МЕКУНАНД

Июнь 15, 2009 10:39

                Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- 11 июн ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии «Tajik Air» нахустин бор аз Душанбе ба шаҳри Сочи парвоз кард. Бо ҳамин ҳавопаймо 31 нафар ба Сочи рафтанд. Нархи чиптаи ҳавопаймо 270 евро буда, вақти парвози он 4 соатро ташкил медиҳад.               Ҳавопаймои мазкур ҳафтае як бор ба Сочи парвоз мекунад. Парвози ҳавопаймоҳо дар байни Душанбе ва Сочи 16 сол пеш қатъ гардида буд.                Мухбири АМИТ «Ховар», хабар медиҳад, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкорӣ созишнома имзо карда буданд.               Мувофиқи созишнома ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба 7 шаҳри Русия парвоз хоҳанд кард. Кушодашудани роҳи ҳавоии Душанбе-Сочи натиҷаи ҳамин созишнома аст.

Июнь 15, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид