ҲИСОБОТИ ДОНИШҶӮЁНИ КОЛЛЕҶИ ХОРЕОГРАФӢ

Июнь 3, 2009 16:39

                    Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 июн дар Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М. Собирова барномаи ҳисоботи эҷодии хонандагон ва донишҷўёни коллеҷ баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанг хабар доданд, ҳисоботи хонандагон ва донишҷўён ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам бахшида шудааст. Дар барномаи консертии он 21 номераи рақсӣ, аз ҷумла, рақси «Шаҳзода», «Вальс», «Мурғи суман», «Ҷавонӣ», «Гардамс», «Дон Кихот» ва ғайраҳо ҷой дода шудаанд.                   Ҳамчунин, бо дастгирии вазорат аз 2 то 5 июн намоишномаҳои дипломии шўъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба роҳ монда шуданд.                   Хатмкунандагон намоишномаҳои «Айбнома», «Зебунисо», «Хўса» ва «Афсона боз афсона…» -ро пешкаши тамошобинон мегардонанд.  

Июнь 3, 2009 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид