ҲУКУМАТ НИСБАТ БА БОЛОРАВИИ НАРХҲО ЧОРА МЕАНДЕШАД

Июнь 1, 2009 16:48

                          Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо назардошти болоравии қурби номиналии асъор ва бо мақсади омӯзиши ташаккулёбии нархҳои фурӯши маҳсулоти аввалиндараҷаи истеъмолӣ, бахусус орд, гандум, шакар ва маводи сӯхт — бензину сӯзишвории дизелӣ, мутобиқи моддаи 14 Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисоротӣ дар бозорҳои мол» аз 1 июн фармоиши махсус ба тасвиб расонид.                          Мудири котиботи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Анвар Латифов ҳадафи фармоиши мазкурро шарҳ дода, тазаккур дод, ки тибқи ин фармоиш аз ҳисоби мутахассисони вазорат гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст, ки он дар давоми моҳи июн мониторинги маҳсулоти зикршударо дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронида, аз натиҷаҳои он оид ба сабабҳои болоравии беасоси нарҳҳо хулосаҳояшро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод менамоянд. Аз рӯи натиҷаҳои хулосаи гурӯҳи кории вазорат нисбат ба болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ Ҳукумат чораҳои мушаххас меандешад.

Июнь 1, 2009 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад