ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ЗИЁД ГАРДИД
Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», ЛаззатДиловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тибқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2008-2009 , ки бо қарори Ҳукумати ҶТ барои соли 2009 пешбинӣ шудааст, дар миқёси ҷумҳурӣ бояд 95465 ҷойҳои корӣ таъсис дода шавад. Вале бо назардошти таъсири бӯҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ ба вазъи бозори меҳнат ва сатҳи шуғлнокӣ дар ҷумҳурӣ тасмим гирифта шуд, ки соли ҷорӣ 150128 адад ҷои кори нав таъсис дода мешаванд. Дар давоми соли 2009 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 40 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 13 ҳазору 83 ҷойи кори нав зиёд мебошад








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






