ҶТ БА ҚДВТ БАТАЛЁНИ ХУДРО МЕФИРИСТАД
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Дар пойтахти Белорусия-Минск маҷлиси навбатии Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ анҷом ёфт. Аз Тоҷикистон дар ин маҷлис муовини котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Акрам Амонов иштирок намуд. Дар маҷлис вазъи умумии ҳарбию сиёсӣ ва тамоили рӯйдодҳои минтақаи СААД, тадбирҳои вокуниш ба зуҳурот ва таҳдидҳо ба амнияти минтақа муҳокима шуданд.Иштирокчиёни маҷлис натиҷаҳои амалиёти дастаҷамъии таъҷилию пешгирикунанда ва махсуси «Канал», «Нелегал» ва ғайраро ҷамъбаст карда, силсилаи ҳуҷҷатҳоро дар бораи бунёди низоми муассири муборизаи дастаҷамъӣ ба муқобили зуҳуроту таҳдидҳои замони ҳозира мувофиқа намуданд. Роҳбарони шӯроҳои амният самтҳои асосии фаъолияти созмонро дар давоми соли 2009 ва нимсолаи аввали соли оянда баррасӣ карданд. Инчунин нақшаи машваратҳои намояндагони давлатҳои аъзои созмон роҷеъ ба сиёсати берунӣ, амният, мудофиа ва ғайра мавриди муҳокима қарор доданд. Дар маҷлиси умумӣ масъалҳои марбут ба ташкилу фаъолияти Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ муҳокима шуд. 14 июн дар Маскав маҷлиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Дар он президентҳои ҳамаи мамлакатҳои аъзои созмон ширкат меварзанд. Онҳо созишномаи ниҳоиро дар бораи ташкили Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ имзо хоҳанд кард. Тибқи паймони ба даст омада аз Русия дар ин қувваҳо як дивизияи десанти ҳавоӣ ва як бригадаи десантии ҳуҷумкунанда фиристода мешавад. Шумораи хизматчиёни ҳарбии Русия дар қувваҳои мазкур қариб ба 8 000 нафар мерасад. Давлатҳои дигари аъзои созмон- Арманистон, Белорусия, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон ба ҳайати қувваҳои мазкур як балатёнӣ мефиристанд.








ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






