5 НАФАР БА АСАРИ ТАРКИШУ СӮХТОР ЗАРАР ДИДАНД
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — 31 май тақрибан сотаи 20: 57 дақиқа дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дар хонаи истиқоматии Дӯстматов Алишер дар натиҷаи таркиши балони газ сӯхтор дар масоҳати 27 метри мураббаъ ба амал омад. Дар натиҷа аъзоёни ин оила Дӯстматова Дилафрӯз, Инохонов Илёз, Дӯстматова Маҳмиё, Абдуллоев Бахтиёр ва Абдуллоева Ситора ҷароҳати сӯхтагии дараҷаи дуюм ва сеюм гирифтанд. Ба ҷои ҳодиса ба таври фаврӣ кормандони оташнишонӣ, гурӯҳи фаврии ШКД, прокуратура, кормандони хадамоти газтаъминкунӣ ва ёрии таъҷилии ноҳия ҳозир шуданд. Сабабҳои рух додани сӯхторро коршиносон аз тарзи нодуруст истифода бурдани қоидаҳои бехатарии таҷҳизоти газиро маънидод карданд. Хисороти сӯхтор 6 ҳазор сомониро ташкил дод. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати давлатии хадамоти оташнишонии ВКД-и кишвар хабар доданд, ҳамаи шахсони зарардидагон дар беморхона табобат гирифта истодаанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






