А. РАҲНАМО: «МУНОСИБАТҲОИ ДУ КИШВАРИ ФОРСИЗАБОН ДАР ЗИНАИ БУНЁДИСТ»
Душанбе, 5 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Алҳол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 260 нафар донишҷӯ ва аспирантҳо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил ва фаъолият менамоянд, ки далели тақвияти ҳамкории илмию фарҳангии ду кишвари форсизабон аст, гуфт зимни ифтитоҳи конфронси илмӣ 5 июн дар Душанбе ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуриддин Саидов. Конфронси мазкур таҳти унвони «Тоҷикистон ва Эрон дар низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ» бо ибтикори Ассосиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, сиёсатшиносон, коршиносони масоили сиёсию иқтисодӣ, олимону донишмандон ва донишҷӯёни ДМТ ширкат доштанд. Зикр шуд, ки робитаҳои ҳасанаи ду кишвар, ки дорои умумиятҳои таърихию фарҳангӣ мебошад, сол аз сол густариш меёбад. Ин раванди ҳамкорӣ аз иродаи сиёсии Сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон — Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмадинажод шаҳодат медиҳад. Ба андешаи Сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, дар тӯли 18 соле, ки робитаҳои дипломатӣ байни ду кишвар дар сатҳи баланд карор дорад, 180 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидаанд, ки қисме аз онҳо алҳол амалӣ нагардидааст. Дипломати эронӣ сохтмони иншооти бузурги стратегии нақби «Истиқлол», НБО «Сангтӯда -2» ва дигар барномаҳои инвеститсионии Эронро дар Тоҷикистон намунаи барҷастаи тавсеаи ҳамкориҳо арзёбӣ намуд. Вай гуфт, ки Эрон дар мавриди сохтмон ва ба истифода додани НБО «Сангтӯда- 2» аз паи ба даст овардани манфиати иқтисодӣ нест. Балки ҳадафаш пешрафти Тоҷикистон аст. Дар конфронс олимону коршиносон Икромиддин Неъматов, Ниёз Мирзоев, Рашид Ғанӣ Абдулло, Абдуллоҳи Раҳнамо, Афзалӣ Саидҷаъфаров ва дигарон доир ба самтҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар замони муосир, рушди миллии Тоҷикистон ва эътилофи кишварҳои форсизабон, ҳамкории ду кишвар дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазъи геополитикии минтақа ибрози назар карда, роҳҳои рушди минбаъдаи таҳкими ҳамкориҳоро дар бахшҳои гуногун пешниҳод сохтанд. Зикр шуд, ки муносибатҳои ду кишвар марҳилаҳои эҳсосотӣ ва гузаришро паси сар карда, алҳол дар зинаи бунёдӣ қарор дорад. Ҳамчунин, муносибатҳои ду кишвар дар миқёси минтақа ва сатҳи байналмилалӣ дар шароити бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.








Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






