АНҶУМАНИ II СТОМАТОЛОГОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Июнь 9, 2009 10:33

                Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 8 июни соли ҷорӣ дар «Кохи Ваҳдат» анҷумани II стоматологони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи стоматологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии «Стоматология», ширкатҳои бузурги стоматологӣ ташкил шудааст.                  Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори анҷуман зиёда аз 500 нафар меҳмонону иштирокчиён, аз ҷумла мутахассисони варзидаи соҳа аз давлатҳои хориҷӣ ба монанди Италия, Полша, Олмон, Украина, Русия ва ИДМ ширкат варзиданд.                  Дар доираи Анҷуман ширкатҳои бузурги стоматологӣ маҳсулот ва техникаи худро дар Намоишгоҳи байналмиллалии соҳавии стоматологӣ муаррифӣ менамоянд.                 Ҳадаф аз гузаронидани Анҷуман муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи стоматология, ба монанди гузаронидани мастер-классҳо оиди услубҳои ҳозиразамони эндодонтия, эҳёкунӣ бо истифода аз маводи композитҳо, таҷрибаомӯзӣ барои устоҳои дандон оиди металлокерамика, услубҳои ҷарроҳӣ барои кӯдакони навзод ва то 2 солаи гирифтори нуқсҳои лаб ва ком мебошад. Инчунин гузаронидани симпозиум бахшида ба проблемаи сафедкунии дандонҳо дар назар аст.                 Дар кори Анҷуман муовини вазири тандурустии мамлакат Аъзам Мирзоев, мудири шўъбаи тандурустӣ, занон ва оилаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева иштирок ва баромад намуданд.                 Анҷуман имрӯз, 9 июн кори худро идома медиҳад.  

Июнь 9, 2009 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад