АЗ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБҲОИ ИРТИҶОӢ ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 6 июни соли равон дар маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» дар мавзӯи «Баланд бардоштани ҳифзи худшиносии миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ» бо донишҷӯён вохӯрӣ барпо мегардад. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо раёсати танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар он намояндагони Кумитаи мазкур, Вазоратҳои фарҳанг, маорифи ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва кормандони сохторҳои маҳаллии Кумитаи ҷавонон аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав ва мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони мактабҳои олии пойтахт иштирок хоҳанд кард.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






