БАҲРИ РАФЪИ МУШКИЛОТ

Июнь 11, 2009 16:05

                  Рашт, 11 июн.(АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Дар натиҷаи боронҳои пай дар пай ва фаромадани ярч дар охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ даҳҳо иншоотҳои хоҷагии халқи ноҳияҳои Нуробод, Ҷиргатол, Рашт ва Тавилдара осеб диданд. Ба хотири аз наздик дидани вазъи ба амал омада, ҳафтаи гузашта гурӯҳи корӣ иборат аз корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Ҳабибов, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Абдураҳими Ашӯр ва дигар шахсони масъул ба водии Рашт сафар намуданд.                  Аз сӯҳбат бо аъзоёни гурӯҳ маълум гардид, ки баъди омӯзиши ҳаматарафаи мутахассисон тамоми пулҳои харобгашта, зеристгоҳҳои барқӣ ва роҳҳои мошингард бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз нав барқарор гардида, мушкилоти мардум аз байн меравад.

Июнь 11, 2009 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд