БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ХУДОГОҲӢ ВА ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН
Душанбе, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз дар маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бо иштироки намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои фарҳанг, маорифи ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ гузаронида шуд. Вохӯрии мазкур таҳти унвони «Баланд бардоштани ҳифзи худшиносии миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ» барпо гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори раёсати Кумитаи ҷавонони шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов иттилоъ дод, мақсади гузаронидани ин чорабинӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ, ҳисси ватандӯсти ва ифтихор аз муқадасоти милии ҷавонон мебошад. Чунин чорабиниҳо барои бештар иттилоъ додани насли ҷавони пешқадами ҷумҳурӣ ва дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботӣ, таълимӣ-ташвиқотиро оид ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва он дастовардҳое, ки Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ ба даст овард ва инчунин огоҳӣ додани насли ҷавон аз ғаразу ҳадафҳои нопоки баъзе аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ҳамеша дар талоши ба ҳам задани сулҳу суббот ва амнияти ҷомеа ҳастанд, мебошад. Инчунин қайд намуд, ки ҳар қадар ҷавонони мо огоҳтар, зирактар ва аз назари фаҳмиши сиёсӣ ва худогоҳӣ бештар маълумот дошта бошад, ҳамон қадар сатҳи таҳъсиррасонии ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба онҳо заифтар мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






