БАРҚ АЗ МЕЪЁР ЗИЁД ИСТИФОДА КАРДА ШУДААСТ

Июнь 15, 2009 11:28

                 Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, новобаста аз вазъи душвори соҳаи барқтаъминкунӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба сариштакории барқ истифодаи он дар шаҳр 189 млн. кВт соат зиёд гардидааст. Истеҳсолот бошад баръакс коҳиш ёфтааст. Коҳишёбии истеҳсолот асосан аз ҳисоби КВД «Тоҷиксемент», ҶММ «Хиштрез», «Тоҷикистон» ва ҶС «Комбинати масолеҳи сохтмонӣ» ба миён омадааст.                Дар 5 моҳ талафоти барқ дар Душанбе ба 21,6 фоиз расидааст. Талафоти барқ соли 2008 дар ин муддат ҳамагӣ 18,5 фоизро ташкил дода буд.                 Дар давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе 5 корхонаи нави саноатӣ бо ҷалби сармояи ватанӣ мавриди истифода қарор ёфт.  

Июнь 15, 2009 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид