БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ПАЙВАНДОНИ С. БОҚИЕВА

Июнь 4, 2009 12:35

                   Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону дӯстони Суфро Боқиева барқияи тасаллият фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:                   «Бо эҳсоси дарду андӯҳ иттилоъ ёфтам, ки фарзанди барӯманди Тоҷикистон, яке аз занони номбардори кишвар- Суфро-апа Боқиева дунёи фониро падруд гуфтааст.Марҳума нафаре буд, ки ин ҳамаи обрӯву эътибор ва бахти худро аз заҳмати ҳалолу хислатҳои беҳтарини инсонӣ дарёфт карда буд ва месазад, ки насли ҷавони кишвар аз чунин пирони кор дарси ибрат омӯзанд.                   Ҳамдардии амиқи худро ба ҳамаи наздикону дӯстон ва тамоми мардуми сарбаланди Исфара иброз медорам.                   Худованди мутаол марҳумаро ғариқаи раҳмат ва ҷояшонро ҷаннат гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июнь 4, 2009 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад