БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ
Маскав, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- 5 июн дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти навбатии байналхалқии иқтисодӣ кушода мешавад. Масъалаи асосии рӯзномаи он муҳокимаи проблемаҳои равнақу ривоҷи ҳамкории иқтисодии давлатҳои ИДМ мебошад. Дар он зиёда аз 200 мутахассис аз ҳамаи мамлакатҳои ИДМ иштирок хоҳанд кард. Мулоқот таҳти роҳбарии муовини аввали раиси ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамоҳангсози миллии Русия дар масъалаҳои ИДМ Игор Шувалов баргузор мегардад. Дар муҳокимаи проблемаи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи- котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ширкат хоҳад кард. Иштирокчиёни мулоқот ба масъалаҳои вобаста ба афзун гардондани рақобатпазирии иқтисодиёти давлатҳои ИДМ, ҷараёни иҷрои нақшаи тадбирҳои марҳалаи аввали Барномаи стратегии рушди иқтисодиёти ИДМ дар давоми солҳои 2009-2011, табдирҳои муштараки бартараф сохтани оқибатҳои ногувори бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи технологияи навтарин ва ғайра диққати махсус хоҳанд дод. Ба қавли С. Лебедев, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тӯли солҳои гузашта дар бобати муқаррар намудани муносибатҳои нави байнидавлатӣ таҷрибаи калон ба даст овардааст. Ин таҷриба сол то сол ғанитар мегардад. С. Лебедев қайд намуд, ки нерӯю имкониятҳои саноатии давлатҳои ИДМ ҳанӯз пурра истифода намешаванд. Мо бояд пеш аз ҳама соҳаҳоеро тараққӣ диҳем, ки дар онҳо истифодаи технологияҳои олӣ самараи дилхоҳ дода метавонанд. Вақтҳои охир фаҳмиши зарурати якҷоя такмил додан ва истифода бурдани имкониятҳои соҳаҳои ёрирасони нақлиёт ва тарнзити мол бештар мушоҳида карда мешавад. С Лебедев зикр намуд, ки дар шароити имрӯза муносибатҳои тиҷоратии мамлакатҳои ИДМ бояд ба бартараф сохтани монеаҳои сунъӣ равона карда шавад. Дар ин маврид мусоидат ба истеҳсоли маҳсулоти бозоргир ва ба хориҷи мамлакатҳо баровардани он аҳамияти калон пайдо мекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот намояндагони баландпояи давлатҳои ИДМ ва тоҷирону соҳибкорон иштирок менамоянд. Тарҷумон Қудратов А.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






