БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ИСЛОҲОТИ МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Душанбе, 30 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татбиқи барномаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустии Тоҷикистон» машварат баргузор гардид. Дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ, муассисаҳои тандурустии маҳалҳо, мушовирон аз ташкилотҳои хориҷӣ ва намояндагони ташкилотҳои мададгор ширкат варзиданд. Аз ҷумла, муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзам Мирзоев қайд намуд, ки ҳадафи гузаронидани чунин чорабинӣ азназаргузаронӣ ва баррасии охирин натиҷаҳои маблағгузории тандурустӣ ва чорабиниҳои таҳлилӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ якҷоя бо созмонҳои мададгор амалӣ гаштанд, инчунин баровардани натиҷа барои Стратегияи маблағгузории соҳаи танудурустӣ, аз қабили беҳтар гардонидани идоракунии захираҳо ва одилона истифодабарии хизматрасонии тиббӣ, ҳамчунин пешниҳод ва баррасии натиҷаҳо оид ба пардохти нақдӣ ва ислоҳоти маблағгузории сарикасӣ, пардохти ҳақи хизмати тиббӣ дар асоси табобати беморон, воситаҳои ҳисоботдиҳӣ оид ба идоракунӣ ва санҷиш дар сохтори тандурустӣ; дар амал татбиқ кардани ташаббусҳо доир ба маблағгузории стратегии соҳаи тандурустӣ, ба мисоли сиёсати ҳамаҷониба оид ба пардохт, ислоҳоти пардохти расонандаи хизмат мебошад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






