БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ОСОНТАР СОХТАНИ УБУРУ МУБУРИ САРҲАДҲО ДАР МИНТАҚАИ СҲШ

Июнь 6, 2009 11:49

                  Маскав, 6 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар Академияи хизмати давлатии назди Президенти Русия дар мавзӯи «Ҳамкории мамлакатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи нақлиёт бо мақсади вусъат додани ҳамлу нақли байналхалқии мол ва осонтар сохтани убуру мубури сарҳад дар минтақа» машварат баргузор гардид. Иштирокчиёни машварат вазифаҳои аввалиндараҷаи Созмони ҳамкории Шанхайро дар масъалаи бунёди низоми умумӣ ва бехатари нақлиётӣ дар минтақа, проблемаҳои муқаррар намудан ва вусъат додани шабакаҳои асосии автомобилӣ ва роҳи оҳан дар мамлакатҳои аъзои созмон ва ғайраро муҳокима карданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз Тоҷикистон дар ин машварат коршиноси котиботи СҲШ Г. Умаралиев ва раиси Шӯрои байниҳукуматии муассисаҳои ҳифзу муроқибати роҳҳо Б. Каримов иштирок намуданд. Машварат бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия баргузор гардид.

Июнь 6, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад