БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ АЗ НОҲИЯИ ХУРОСОН

Июнь 9, 2009 13:58

                 Хуросон 9 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Хуросон боздид ба амал овард, ки аввали фасли баҳори соли равон бар асари боришҳои шадиду тӯлонӣ зарари калон дида буд. Сарвари давлат бо вазъияти ноҳия ва ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар маҳалҳои зарардида шинос шуд. Ў аз ҷараёни корҳо изҳори норизоӣ намуда, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Саид Ёқубзодро барои муносибати бепарвоёнааш нисбат ба вазифа сарзаниш намуд.                 Ба қавли Президенти ҷумҳурӣ яке аз сабабҳои рух додани фалокат сари вақт тоза накардани каналҳои минтақа мебошад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки моҳи майи соли равон чанд деҳаи ноҳияи Хуросон бар асари омадани сел зарари калон дид. Бисёр сокинони ин деҳаҳо бесарпаноҳ монданд.                Сардори давлат супориш дод, ки то моҳи октябр ба 500 оилаи бесарпаноҳмонда манзили истиқоматӣ дода шавад, 132 хона бепул сохта бо тамоми асбобу анҷоми зарурии рӯзгор таъмин карда хоҳад шуд. 310 оила бо масолеҳи бинокорӣ таъмин карда, ба 58 оила қитъаи замин дода мешавад.                Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дод, ки дар деҳаҳои зарардида 70 хона созанд. Сохтмони 49 хона ба зиммаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ гузошта шуд, 10 хона аз ҳисоби буҷети вилояти Суғд сохта мешавад. Президент ходимони дини вилоятро низ даъват кард, ки аз ҳисоби худ як хонагӣ созанд.                Роҳбарияти вилоят дар муддати кӯтоҳ нақшаи сохтмони мактабҳо ва муоинагоҳҳои тиббиро таҳия намуда, ба бинокорон пешниҳод хоҳад кард. Бо супориши Сарвари давлат биноҳои истиқоматӣ дар ин ҷо то 6 ноябр сохта ба истифода дода мешаванд. Инчунин дастур дода шуд, ки 350 нафар фарзандони оилаҳои зарардида аз ҳисоби буҷети вилоят ва 100 нафари дигар аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба истироҳатгоҳҳои тобистона ва осоишгоҳҳо фиристода шаванд.                  Президенти Ҷумҳурӣ баъди боздид аз ноҳияи Хуросон ба ноҳияи Бохтар рафт. Сафари ӯ дар вилояти Хатлон давом дорад.

Июнь 9, 2009 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд