БУЗУРГДОШТИ ХУМАЙНӢ ДАР ДУШАНБЕ

Июнь 5, 2009 08:41

                   Душанбе, 5 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бахшида ба 20-умин солгарди даргузашти Роҳбари инқилоби исломии Эрон Оятуллоҳ Имом Хумайнӣ дар маркази фарҳангии «Ориёно»-и Душанбе маросими бузургдошти ин шахсияти бузурги сиёсӣ доир шуд.Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст зимни саханронии худ доир ба нақш ва таълимоти ин шахсият ибрози назар кард. Мавсуф гуфт, ки нақши Имом Хумайнӣ дар бозгашти инсон ба ҳувияту худшиносии миллӣ эҳёи арзишҳои илоҳию ахлоқӣ ва таваҷҷӯҳи инсон ба тавонмандиҳои худ беназир аст. Ҳамчунин зикр шуд, ки Имом Хумайнӣ эҳёгари бузурги маънавият ва инсонгароӣ дар садаи бист шинохта шуда, дар асоси ақидаҳо ва таълимоти ӯ мардум ба мубориза бархоста режими 2500-солагии шоҳаншоҳиро дар Эрон барҳам доданд. Ва имрӯз ин давлат ба ҳайси яке аз кишварҳои қудратманди минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад.                  Дар маросими бузургдошти даргузашти ин шахсияти шинохтаи сиёсӣ ҳамчунин китоби нависандаи эронӣ Ҳамидаи Ҳоирипур «Даре аз ҷаҳони ғайб», ки аз ҷониби муҳаққиқ ва рӯзноманигори тоҷик Қиёмиддин Сатторӣ аз форсӣ ба кириллӣ баргардонида шудааст, муаррифӣ гардид. Дар китоб Паёми таърихии Имом Хумайнӣ ва насиҳатҳои падаронаи ӯ ба нахустин ва охирин Президенти собиқ Иттиҳоди Шуравӣ — Михаил Горбачёв, ки 1 январи соли 1989 фиристонида шуда буд, ҷой дода шудааст.

Июнь 5, 2009 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад