ДАР ДУШАНБЕ СМТҲ СОЗМОН ДОДА ШУД

Июнь 9, 2009 13:52

               Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Душанбе таҳти васояти Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони машваратию тиҷоратии Ҳиндустон таъсис дода шуд.                «Ҳадафи асосии созмони мазкур дастгирии соҳибкорону тоҷирони Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи манфиатҳои онҳо, ҷалби сармоягузорони ҳинд ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, табодули мол ва дар заминаи он пешрафти тиҷорат байни Тоҷикистону Ҳиндустон аст», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Роҳбари Созмони машваратию тиҷоратии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Наҷиб Ашраф.               Мавсуф афзуд, ки Созмони мазкур ба Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои иқтисодию тиҷоратӣ тавсияҳо медиҳад. Инчунин, Созмони машваратию тиҷоратии Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо Сафорати ин кишвар дар Душанбе бо роҳбарият ва намояндагони Палатаи савдою саноати Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи кишварамон ҷиҳати тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи шароиту имкониятҳои рушди тиҷорат байни ду кишварро баррасӣ менамоянд.                Аъзои Созмони машваратию тиҷоратии Ҳиндустон аз намояндагони меҳмонхонаҳо, муассисаҳои дигари хизматрасонӣ, сохтмон, дорусозӣ, техникӣ ва дигар соҳаҳо иборат аст.

Июнь 9, 2009 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад