ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Июнь 10, 2009 15:51

                 Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия намоишгоҳи байналхалқии маҳсули дастони устоҳои халқии мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай кушода шуд. Намоишгоҳ ба мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ бахшида шудааст, ки дар ин ҷо ҳафтаи оянда шурӯъ мегардад.                 Дар шӯъбаи тоҷикистонии намоишгоҳ навъҳои гуногуни либосҳои миллиро дидан мумкин аст.                Қисми зиёди онро намунаи либосҳои офаридаи устоди либосҳои навбаромади Тоҷикистон Мукаррама Қаюмова ташкил медиҳад. Дар ин ҷо ба тамошобинон сумкачаҳои гуногуни аз чарм тайёркардашуда, гилемҳои дастибофт, зарфҳои сафолию чинӣ, лоҷувардӣ ва асбобу анҷоми ороишии аз сангҳо ва фулузоти қиматбаҳо сохташуда пешкаш гардонда мешавад. Диққати онҳоро намунаи либосҳои мардонаю занона ва бачагона ба худ ҷалб хоҳад кард.                Дар намоишгоҳ инчунин бештар аз 1550 нусха китоби чопи солҳои гуногун, китобҳои қадима ва нодир ба маърази тамошо гузошта шудаанд.               Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Миралӣ Достиев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки як қисми экспонатҳои намоишгоҳ баъди анҷом ёфтани он ба ҷамъиятҳои тоҷикони сокини Екатеринбург тӯҳфа карда хоҳад шуд.               Ғайр аз ин тамошобинон метавонанд экспонатҳои писандидаашонро харанд. Тарҷумон Қудратов А.

Июнь 10, 2009 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид