ДАР ПОЙТАХТ БИНОҲОИ НАВИ ЗАМОНАВӢ

Июнь 1, 2009 15:08

                          Душанбе, 1 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 2 июн дар шаҳри Душанбе бинои нави мактаб барои 640 ҷои нишаст воқеъ дар шаҳраки Лучоб, бинои 9 ошёна дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази муосири хизматрасонӣ воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода ба истифода дода мешаванд.                            Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов дар маросими ба истифода супоридани ин иншоотҳои муҳим намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт иштирок менамоянд.                           Дар робита, пагоҳ 2 июн аз соати 7 то соати 10 -субҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Мирзо Турсунзода то чорроҳаҳои кӯчаҳои ба номи Фотеҳ Ниёзӣ ва Шириншо Шотемур баста мешавад.  

Июнь 1, 2009 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!