ДАСТАҲОИ ҲУНАРИИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ ДАР ПОЙТАХТ
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар Боғи набототи пойтахт давоми сол консертҳои тамоми дастаи ҳунарии шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва пойтахт намоиш дода мешаванд. Бо ин мақсад, 7 июн барномаи консертии дастаҳои ҳунарии ноҳияи Шаҳринав доир мегардад. Дар он намунаи маҳсули дастони устоҳои халқӣ, аз ҷумла кандакорӣ, сўзанӣ, дуредгарӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, қӯроқдўзӣ, нонпазӣ, таомпазӣ, гулдўзиву рассомӣ пешкаши тамошобинон гардонда мешавад. Ғайр аз ин, дастаҳои ҳунарии ноҳия барномаи махсуси театркунонидашударо намоиш медиҳанд. Дар доираи консерт маҳсулоти кишоварзони ноҳия бо нархи арзон пешкаши сокинони пойтахт гардонида хоҳад шуд. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо ва аҳли илму адаби ноҳия ширкат меварзанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






