ДОИРАИ ПАХШИ БАРНОМАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНИ «ҶАҲОННАМО» ВАСЕЪ МЕГАРДАД

Июнь 12, 2009 11:35

                 Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Доираи пахши барномаҳои шабакаи иттилоотии «Ҷаҳоннамо» торафт васеъ мегардад. Муовини аввали директори генералии ҶСК «Телерадиоком» Хуршед Хабибов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба наздикӣ дар маркази шаҳри Хоруғ бунгоҳи пахшкунандаи мавҷҳои телевизионии (фиристанда) иқтидораш 200 ватт дар канали 12-уми телевизиони вилоятӣ насб карда, ба истифода дода шуд. Имрӯз 80% — и сокиноми шаҳри Хоруғ барномаҳои телевизиони «Ҷаҳоннамо»-ро тамошо карда метавонанд. Хуршед Ҳабибов зикр кард, ки рӯзҳои наздик дар Хоруғ боз 2 фиристандаи пуриқтидор насб карда мешавад. Дар ин маврид ҳамаи сокинони маркази ВМКБ барномахои шабакаи мазкурро тамошо хоҳанд кард.                 Бояд қайд намуд, ки айни ҳол ҶСК «Телерадиоком» ягона операторест, ки воситаҳои рӯизаминии алоқаи радифиро барои пахш намудани барномаҳои радиою телевизион дар қаламрави ҷумҳурӣ пурра ба ӯҳда дорад. Маҷмӯи фиристандаҳои он дар мавҷи мутавассит қудрати пахши барномаҳои радиоиро ба самти Ҳиндустон, Индонезия, Покистон, Афғонистон, Эрон ва мамлакатҳои нимҷазираи Араб дорад.                 Охири соли 2008 ҷиҳати пахши барномаҳои шабакаи иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоннамо» каналҳои интиқолкунанда ба воситаи хатҳои радиорелеӣ то вилоятҳои Хатлон ва Суғд насб карда шуда буданд.

Июнь 12, 2009 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид