ДУХТУРОНИ КӮДАКОНАИ ХАТЛОНРО МЕОМӮЗАНД

Июнь 3, 2009 10:07

                  Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ семинари дурӯза дар мавзӯи «Баҳодиҳии инкишофи ҷисмонии кудакони синни то 5 сола» баргузор гардид.                  Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсоз бо ҷомеа ва васоити ахбори омма Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ Лайлӣ Аҳмадова иттилоъ дод, дар семинари мазкур 15 нафар духтурони кӯдаконаи шаҳру навоҳии вилоят даъват гашта буданд ва ба онҳо тренерони бо таҷриба аз шаҳри Душанбе дарс гузаштанд.                    Баъди гузаштани семинар 15 нафар тренерон аз ҳисоби духтурони кӯдакона тайёр карда мешаванд, ки онҳо низ бояд дар навбати худ 519 нафар кормандони муассисаҳои тандурустии самти кӯмаки аввалияи тиббию санитариро омӯзонанд.                   Чунин семинарҳо сатҳи фаҳмиши табибону ҳамшираҳои тиббиро баланд хоҳанд бардошт.  

Июнь 3, 2009 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд