ЭЪТИРОФИ СИФАТИ КИТОБХОИ ЧОПИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 4-5 июни соли ҷорӣ 3 нашриёти тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озмуни 4-уми байналмилалии "Санъати китоб" дар шаҳри Маскав якбора соҳиби се ҷоиза гардиданд. Аз ҷумла, китоби мусаввари "Рӯдакӣ", ки нашриёти "Ирфон" ба табъ расонида, таҳиягарони он Ҷӯрабой Шарифов, Усмон Назиров ва Амир Исоев мебошанд, дар бахши "Санъати китоб" дипломи дараҷаи якумро соҳиб гашт. Дар номинатсияи "Иттиҳод" китоби "Робитаҳои адабии байналмилалии Тоҷикистону Арманистон"-и Абдувалӣ Давронов, ки нашриёти "Адиб" чоп кардааст, сазовори ҷойи сеюм дониста шуд. Ҳамчунин, китоби "Ганҷина"-и Салоҳиддин Наҷмиддинов, ки нашриёти "Маориф ва фарҳанг" ба нашр расонидааст, бо дипломи ҳавасмандкунӣ сарфароз гардонида шуд.Озмуни 4-уми байналмилалии "Санъати китоб" ҳар сол баргузор мегардад ва нашриётҳои Тоҷикистон дар он иштирок мекунанд, вале ин дар таърихи озмун аввалин муваффақияти нашриётҳои Тоҷикистон мебошад. Дипломҳо ба соҳибонаш дар рӯзҳои намоишгоҳи китоб дар шаҳри Маскав, аввали моҳи сентябр супорида мешаванд. Бояд гуфт, ки озмун дар Агентии оид ба матбуот ва расонаҳои гурӯҳии Федератсияи Русия баргузор гардида, дар он аз ҳамаи кишвари аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






