ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ПУДРАТӢ БЕҲТАР ШУД
Душанбе, 9 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, шумораи ташкилотҳои пудратӣ дар 4 моҳи аввали соли 2009 ба 402 адад расидааст. Ташкилотҳои пудратӣ дар ин давра бо қувваи худ ба маблағи 272782,1 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба андозаи 470091,6 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ин муддат бо қувваи ташкилотҳои пудратии фаъолияташон давлатӣ 558 ҳазор метри квадратӣ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ҳаҷми асосии корҳои пудратиро ташкилотҳои сохтмонии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 41525,5 ҳазор сомонӣ, Вазорати нақлиётва коммуникатсия ба маблағи 289,5 ва Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ба маблағи 6677,6 ҳазор сомонӣ иҷро карданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






