ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР КИШВАРҲОИ ДИГАР НИЗ МЕПИСАНДАНД

Июнь 6, 2009 11:51

                     Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар»). — Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар Тоҷикистон эълон гаштани соли 2009, ки аз ҷумлаи иқдомоти ваҳдатафзуни Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст, дар миёни кишварҳои мусулмонӣ мавриди пуштибонӣ ва хушҳолиҳои зиёди мусулмонон қарор мегирад.                     Андешаю иқдомоти ибратомӯзи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар дини мубини Ислом, ки аз афкору ақоиди шоистаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, имом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, маъруф ба Имоми Аъзам ва дигар фарзандони нобиғаи миллати тоҷик сарчашма мегиранду ғояҳои дӯстию рафоқат ва гуфтугӯйи солими миёни тамаддунҳо ва дину мазҳабҳоро ташвиқ мекунанд, пайваста тавассути матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма пешкаши мардуми кишварҳои зиёди мусулмонӣ мегарданд.                      Мақолаҳои Эмомалӣ Раҳмон «Имоми Аъзам ва гуфтугӯйи тамаддунҳо» ва «Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ» бо забонҳои арабӣ, англисӣ, русӣ ва ғайра ва ба алифбои ниёгонамон баргардонда шудаанд ва зуд-зуд дар матбуоти даврии кишварҳои гуногуни мусулмонӣ ва минтақаҳои мусулмоннишини давлатҳои дигар нашр мешаванд.                     Аз ҷумла, дар нашрияи «Ормони сулҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зери сарлавҳаи мақолаи «Имоми Аъзам ва Ҳувияти миллӣ» омадааст: «Сарфи назар аз он, ки ин мақола дар нашрияҳои дигар чоп шудааст бо тақозои зиёди мардум дар нашрияи «Ормони сулҳ» низ ба нашр мерасад».                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 6, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд