ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИ ХАТЛОН ЗИЁД ШУД
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии шаҳру навоҳии ин вилоят 405,5 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3 млн. сомонӣ зиёд аст. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 22 шаҳру ноҳияи вилоят аз 222 корхонаи дар ҳудуди вилоят буда, дар 132 -тояш таъмин карда шудааст. Дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилоят 6 корхонаи нав ба фаъолият оғоз кард. Боиси тазаккур аст, ки соли 2008 дар 15 корхонаи ба истифода додашуда беш аз 800 ҷойи корӣ омода карда шуд. Дар соли 2008 ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят ба 1 миллиарду 91 млн. сомонӣ баробар шуд. Дар назар аст, ки бо истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ, истеҳсоли маҳсулот дар соли ҷорӣ як баробар зиёд хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






