КӮМАКИ РОССИЯ ДАР ДОИРАИ БАРНОМАИ ОЗУҚАИ СММ
Душанбе, 15 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ бори дуюм аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ёрии башардӯстона расонида шуд. Бино ба гуфти сафири фавқулодда ва мухтори Россия дар Тоҷикистон Юрий Попов, Россия ҷузъ ду ёрии башардӯстона, ки яке моҳи март ва дуюмӣ рузи 11 -уми июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 166,5 тонна борҳои гуногун расонида шудааст, инчунин дар доираи ёрии ташкилотҳои байналмилалии кӯмакрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 9,5 ҳазор тонна орд (122 қатора) ба ҳисоби аъзоҳақии фонди Барномаи озуқаи СММ кӯмак намуд. — Мо ҳамеша бо мардуми Тоҷикистон дӯсту бародар будем, ҳастем ва мемонем. Ҳукумати Россия пайваста халқи бародари тоҷикро кӯмаку дастгирӣ хоҳад кард,- афзуд ҳангоми қабул ва супоридани кӯмакҳои башардӯстона дипламати рус Юрий Попов ва илова намуд, ки Россия дар асоси даъвати Ҳукумати Тоҷикистон фавран ба кӯмак шитофт ва ба зарардидагони офати табиӣ дар ду навбат ба Тоҷикистон ба маблағи 51 млн. рубл кӯмаки башардӯстона расонид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






