К. ВОЛЛЕБЕК: — «АҚАЛИЯТҲОИ МИЛЛИРО ЗАРУР АСТ, КИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИРО ОМӮЗАНД»
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 2 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба ақаллиятҳои миллӣ Кнутт Воллебекро ба ҳузур пазируфт. Пас аз анҷоми мулоқот Кнутт Воллебек андешаҳояшро ба хабарнигорон баён дошта, зикр кард, ки: «Хело хушҳолам, ки ба ҳайси Комисари олӣ оид ба ақалиятҳои миллӣ баъд аз 10 сол дубора ба Тоҷикистон баргаштам. Даҳ сол пеш ман вазири корҳои хориҷии Норвегия ва раиси кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) будам ва тағйиротҳои назаррасе, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст бароям писанд аст». Ӯ афзуд, ки мо дар ҷараёни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯи бисёр судманд доштем ва қабл аз ин мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ сӯҳбати пурмӯҳтаво доштам. Дафтари Комисариати олии САҲА оид ба ақалиятҳои миллӣ соли 1999 таъсис ёфта, ҳадафи аслии он тақвияти равобити байни миллатҳо мебошад. «Ҳадафи ташрифи ман ба Тоҷикистон анҷом додани гуфтугӯи судманд бо давлати Тоҷикистон аст ва бубинам, ки мушкилоте мавҷуд аст дар робита бо масъалаҳои ақалиятҳои миллӣ, то битавонам кӯмак кунам. Ҷаноби Президент оид ба ақалиятҳои миллии Тоҷикистон, масоили фарҳангӣ, мактаб ва ғайра ба ман иттилои бисёр муфид доданд. Мо қабул доштем, ки шояд дар самти омӯзиши забон, ки ақалиятҳои миллӣ битавонанд забони тоҷикиро хуб омӯзанд трейнингҳо ташкил бикунем ва дар баробари ин, дар самти ҳифзи ҳуқуқи забонҳои модарии онҳо кӯмак кунем», — идома дод Комиссар. Кнутт Воллебек гуфт, ки ӯ ба Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки ҳифзи ҳуқуқҳои тоҷикон дар мамлакатҳои дигар барояш муҳим аст ва дар ин самт дар оянда низ мекӯшад мусоидат намояд. Мавриди зикр аст, ки бисёр мамлакатҳое ҳастанд, ки дар онҳо ақалиятҳои миллӣ оид ба мактабу маориф камбудӣ доранд ва ман медонам, ки дар Ӯзбекистон ҳам ақалиятҳое ҳастанд, ки дорои ин мушкилот мебошанд. «Ба ақидаи мо дар тамоми кишварҳои аъзои САҲА хело муҳим аст, ки ақалиятҳои миллӣ, аз барои он ки тазодҳо бисёр нашаванд, битавонанд забонҳои модариашонро хуб ёд бигиранд ва истифода кунанд, инчунин муҳим ҳам ҳаст, ки забони давлатии кишвари истиқоматкунандаашонро хуб азбар кунанд. Дар бисёре аз кишварҳо мо нигоҳ мекунем масъалаҳои камбудии ақалиятҳо марбут ба китобҳои дарсӣ, омӯзиши омӯзгорон мавҷуд аст ва мо мехоҳем, ки онҳо битавонанд забони давлатиро ҳамчун забони дуюм дошта бошанд. Мо роҷеъ ба ин масоил коршиносони зиёд дорем ва онҳоро пешкаш мекунем ба давлатҳо то ба ин масъалаҳо кӯмак кунанд ва ин мушкилот дар кадом кишваре бошад мо омодаем, ки онро таъмин кунем», — тазаккур дод Кнутт Воллебек. Ӯ дар фарҷом иттилоъ дод, ки бо вазири маориф ва вазири фарҳанги Тоҷикистон ва инчунин намояндагони ақалиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон мулоқот кунад то роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти ақалиятҳои миллии инҷо иттилои заруриро ба даст орад.








ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






