КОМЁБИИ ТАЭКВОНДОЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ТОШКАНД
Душанбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Аз 28 то 31 май дар шаҳри Тошканд Мусобиқоти қаҳрамонии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи намуди варзиши таэквондо баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик 15 медал ба даст оварданд. Аз дафтари матбуотии Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон (КМО ҶТ), ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ин мусобиқа таэквондочиёни мо соҳиби 7 медали тилло, 4 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин мусобиқа — Насхиддин Ворисов, Хисрав Ғиёсов, Алишер Гулов, Сунатулло Шеров, Дилшод Зайдуллоев, Шукрона Шарифова ва Сергей Ли медали тилло гирифтанд. Бо медали нуқра — Хоҷаева Тахмина, Адолат Сафарова, Гулчеҳра Раҳимова ва Тошматов Сафарбек сарфароз шуданд. Медалҳои биринҷии мусобиқа насиби — Нодирҷон Амиров, Илҳом Неъматуллоев, Неъмат Маҳмадҷонов ва Диловар Зайниддинов гардид. Сармураббии дастаи мунтахаби таэквондочиёни Тоҷикистон Исматулло Хоҷаев қайд намуд, ки «ин мусобиқа бо қоидаҳои нав гузаронида шуда, аввалин маротиба 30 варзишгари тоҷик дар он иштирок кард».








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






