КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо иқдоми Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-6 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010» доир мегардад. Фармон дар бораи гузаронидани ин чорабинӣ аз тарафи вазири тандурстии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов аз 25 майи соли равон ба тасвиб расид. Бояд тазаккур дод, ки тибқи фаромони мазкур сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ вазифадор ҳастанд, ки иштироки мутахассисонро дар конференсияи мазкур таъмин намоянд. Конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010» бо кӯмаки амалӣ ва маблағгузории Маркази Идораи Лоиҳа оид ба ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон (БОР) доир мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






