КОНФРОНСИ МАТБУОТӢ ДАР ИЖТ
Душанбе, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи Хазинаи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) конференсияи матбуотӣ баргузор гашт. Дар конференсияи матбуотӣ муовини вазири тандурустӣ Аъзам Мирзоев, сардори намояндагии Хазинаи Кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хонум Ҳонгвей Гао, сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила Шералӣ Раҳматуллоев, сарварони марказҳои профилактикӣ, мутахассисони варзидаи соҳа иштирок намуданд. Дар нишасти матбуотӣ мавзӯъҳои «Тақсими ғилофакҳои витамини А» ва «Бегиҷҷагардонии кӯдакон» муҳокима гардиданд. Дар чорчӯбаи ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо тақсимоти ғилофакҳои витамини А дар байни кӯдакони синни аз 6 то 72 моҳа ва бегиҷҷагардонии кӯдакони синни аз 24 то 72 моҳа саҳми муҳимро мебозанд. Аз аз ин лиҳоз аз 10-ум то 20 июни соли 2009 дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давраи навбатии тақсимоти ғилофакҳои витамини А дар байни кӯдакони синни аз 6 то 72 моҳа ва бегиҷҷагардонии кӯдакони синни аз 24 то 72 моҳа дар назди муассисаҳои тиббӣ — профилактикӣ, таҳти назорати бевоситаи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ гузаронида мешавад. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ аз сабаби норасоии витамини А ҳар сол аз 250 то 500 ҳазор кӯдакон пурра ё қисман биноиашонро гум мекунанд,. Норасоии витамини А қобилияти системаи муҳофизати бадан, афзоиши ҷисмонии кӯдакро суст намуда, кори меъдаю рӯда ва роҳҳои нафасгириро вайрон мекунад. Муайян карда шудааст, ки аз байн бурдани норасоии витамини А, метавонад миқдори фавти умумии кӯдаконро то 23%, аз бемории сурхча то 50% ва аз дарунравӣ то 33% паст кунад. Дар ин даҳа, яъне гузаронидани давраи навбатии тақсимоти витамини А ва бегиҷҷагардонии кӯдакон саҳми Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ назаррас мебошад. Барои гузаронидани ин маърака аз тарафи ЮНИСЕФ доруи «Албендазол» ба миқдори 601023 ҳаб, витамини А бо вояи 200000 МЕ ба миқдори 766000 ғилофак ва витамини А бо вояи 100000 МЕ ба миқдори 95500 ғилофак харидорӣ шуда ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






