КОРМАНДИ ЗИДДИ ФАСОД ЗИНДОНӢ ШУД

Июнь 3, 2009 14:15

                 Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Суди ноҳияи Ёвон ҳафтаи сипаришуда корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, полковники адлия Мавлоназар Шерназаровро 5 сол аз озодӣ маҳрум сохта, ҳамчунин ӯро аз рутбаи полковники адлия маҳрум намуд.                 Боиси ёдоварист, ки Мавлоназар Шерназаров охири соли гузашта барои роҳ додан ба сохтакорӣ дар парвандаи ҷиноӣ нисбати муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Хуросон аз ҷониби кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ ба ҳабс гирифта шуда буд.                 М. Шерназаров барои васеъ кардани нишондодҳо дар парвандаи ҷиноӣ, нисбат ба муовини комиссари ҳарбӣ дар асоси сохтакорӣ ба парвандаи ӯ 100 доллари амрикоиро ҳамчун далели гирифтани пора илова карда буд, ки дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ аз тарафи кормандони прокуратураи чумҳурӣ исботи худро пайдо карда, барои баррасӣ ба суд пешниҳод шуд.  

Июнь 3, 2009 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид