КОРМАНДОНИ АМИТ «ХОВАР» АТТЕСТАТСИЯ МЕГУЗАРАНД
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 4 июн ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовараи Агентӣ, муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Абдурашид Хӯҷамқулов ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Шоназаров иштирок намуданд. Директори АМИТ «Ховар» Садриддин Шамсиддинов оид ба фаъолияти Агентӣ дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ маълумот дода, қайд кард, ки Агентии иттилоотии «Ховар дар ин давра қариб 7 ҳазору 500 хабар, зиёда аз 1 ҳазору 326 мақолаву гузориш, шарҳу мусоҳиба интишор намуда, зиёда аз 5 ҳазору 700 маводро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Инчунин, таъқид гардид, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва нуқтаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, омодагӣ ба ҷашнҳои 65-солагии Иди Ғалаба бар фашизм, 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта мунтазам мавод нашр мекунад, ки аз онҳо доираи васеи ВАО-и дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамзамон шахсиятҳои алоҳида истифода мебаранд. «Бояд иқрор шуд, ки дар баробари пешравиҳои назаррас дар фаъолияти Агентӣ камбудиҳо низ мавҷуданд, ки барои бартараф намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, чанд нафар мутахассисоне, ки ба талаботи меъёрҳои касбии фаъолият дар Агентӣ сазовор набуданд, аз кор озод карда шуданд», — тазаккур дод директори АМИТ «Ховар». Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат Алиҷон Шоназаров фаъолияти АМИТ «Ховар»-ро қаноатманд арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки саҳми Агентӣ дар фазои иттилоотии ҷумҳурӣ назаррас мебошад, зеро ҳамарӯза ВАО-и давлатӣ, бахусус телевизион ва радио аз маводҳои он истифода мебаранд. «Ҳаминро махсус таъқид мекунам, ки фаъолияти Агентӣ аз ҷиҳати пахши шумораи ахбор вусъат ёфта бошад ҳам, баъзан ба фаврияти пахши иттилоот кам эътибор дода мешавад ва фикр мекунам, ки то охири ин сол оҷилият низ дар АМИТ «Ховар» таъмин мегардад», — идома дод Алиҷон Шоназаров. Дар фарҷом аз ҷониби ҳайати мушовараи АМИТ «Ховар» пешниҳод гардид, ки ҷиҳати пурмӯҳтаво ва самаранок гардонидани фаъолият дар ин мақомоти иттилоотии ҷумҳурӣ дар давоми шашмоҳаи дуюми соли 2009 аттестатсияи кормандони АМИТ «Ховар» гузаронида шавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






