КЎМАКИ ҲУКУМАТИ ИМА БА ТОҶИКИСТОН

Июнь 11, 2009 16:22

                  Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон барои тармими куллии бинои Омӯзишгоҳи ҳарбии сарҳадбонони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба маблағи 2,5 миллион доллар кӯмак расонд. Тармими биноҳои омӯзишгоҳ дирӯз, 10 июн оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар ин ҷамъомад баргузор гардид. Дар он сардори Раёсати умумии артиши марзбони Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейсӣ Энн Ҷэйкобсон ва сафири Туркия дар Тоҷикистон Мир Оқиф Ойхон ширкат варзиданд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бо маблағи кӯмаки ҳукумати ИМА биноҳои фарсудаи омӯзишгоҳ вайрон карда, ба ҷои онҳо ошхона, толори барҳавои варзишӣ, гараж, шабакаи гармидиҳӣ ва хобгоҳ сохта мешаванд. Инчунин барои синфхонаҳо асбобу анҷоми зарурӣ ва мебел харида хоҳад шуд. Тармими куллии омӯзишгоҳ тибқи нақша моҳи феврали соли 2010 ба охир мерасад.                 Тармими онро коргёарону мутахассисони ширкати «Боздемир иншоот ва муҳандислик»-и Туркия ба зимма гирифтаанд. Дар натиҷаи тармими омӯзишгоҳ шароити таҳсилу истироҳати шогирдони он хеле беҳтар хоҳад гашт. Тарҷумон Қудратов А. 

Июнь 11, 2009 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад