КЎМАКИ БАШАРДЎСТОНАИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН

Июнь 8, 2009 15:21

                   Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳукумати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона мерасонад. Пагоҳ, 9 июн бо ҳавопаймои боркаши ИЛ-76-и Вазорати вазъияти фавқулъоддаи ин мамлакат ба Тоҷикистон миқдори зиёди орд ва маводи дигари озуқа фиристода хоҳад шуд. Дар ин бора корманди маъсули матбуот ва котиби дуюми Сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон Комил Муҳаммадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.                   Дар маросими супурдани кӯмаки башардӯстона иштироки сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов ва роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад.                   Кӯмаки хайрия дар байни одамон ва оилаҳое тақсим карда мешавад, ки бар асари фалокатҳои табиӣ, аз ҷумла боришоти тӯлонии фасли баҳори имсола зарари калон дидаанд.                   Комил Муҳаммадов зикр намуд, ки кӯмаки дуюми хайрияи Русия ба Тоҷикистон 10 июн фиристода мешавад.  

Июнь 8, 2009 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад