КЎМАКИ НАВБАТИИ ХАЙРИЯИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова).-Дирӯз боз як ҳавопаймои боркаши Вазорати вазъияти фавқулоддаи Федератсияи Русия ба Тоҷикистон миқдори зиёди кӯмаки хайрия овард. Кӯмаки хайрия барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки охири моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли равон бар асари боришоти тӯлонӣ зарар дидаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки кӯмаки нахустини хайрияи Русия 9 июн ба Душанбе оварда шуд. Маблағи умумии кӯмаки нахустини хайрия қариб 21 миллион рубли Русия мебошад. 10 июн ба Тоҷикистон боз бештар аз 10 тонна консерваи гӯштӣ, 70 хаймаи «Помир-30», 4 нерӯгоҳи хурди барқии сайёр, қариб 2,5 ҳазор метри мураббаъ шиша ва 2,5 ҳазор кампал фиристода шуд. Дар маросими супоридани кӯмаки хайрия сафири Русия дар Тоҷикистон Ю. Попов, муовини аввали директори Агентии захираҳои давлатии молиявии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ С. Зиёдуллоев ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодда ва мудофиаи шаҳрвандии мамлакат Р. Шоев иштирок доштанд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






