КУМИТАИ АНДОЗ БЕҲТАРИНҲОРО БА КОР МЕГИРАД
Душанбе, 11 июн.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар мақомоти андоз, озмун доир гардид. Бо назардошти ҷойивазкунии кадрҳо 53 ҷой барои мансабҳои ишғолшаванда пешниҳод карда шуд. Айни замон дар Кумитаи андоз тибқи моддаи 18-и қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва банди 10-и Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, инчунин бо мақсади интихоби дуруст ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат дар мақомоти андоз, фармони раиси кумита ба тасвиб расид. Ба озмун 112 нафар довталабон муроҷиат намуданд. Комиссияи ҳуҷҷатҳои 101 нафар довталабро мувофиқ дониста, ба озмун пешниҳод кард. Бино ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ набудани довталабон ба 11 нафар иҷозат дода нашуд. Озмун 44 нафарро ба вазифаи интихобнамуда сазовор донист, дониши 50 нафар довталаб барои ишғоли мансаб ношоиста дониста шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






