МАҲФИЛИ ҲОЗИРҶАВОБОН
Рашт, 11 июн.(АМИТ «Ховар»,Мирзосафар Ризвонов).-Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар доираи Барномаи рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 байни дастаҳои ҷавонони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол маҳфили ҳозирҷавобон дар мавзӯи «Унсурҳои саломатӣ аз нигоҳи Имоми Аъзам» баргузор гардид. Ҷамъбасти озмун нишон дод, ки дастаи ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод нисбати дигар дастаҳо фаъолона баромад карда, сазовори ҷои аввал гардида бо гирифтани мукофоти таъсис намудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид. Боиси қайд аст,ки беҳтарин номераҳои дастаҳои номбурда дар даври ниҳоии озмун дар пойтахти кишвар, ки охири моҳи июни соли равон доир мегардад, пешкаш хоҳанд шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






