МАҲМУД АҲМАДИНАЖОД БОЗ ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН ИНТИХОБ ШУД
Теҳрон, 13 июн. (АМИТ «Ховар»-РБК).- Дирӯз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоботи президент баргузор гардид. Дар он президенти амалкунандаи мамлакат Маҳмуд Аҳмадинажод ғалаба кард. Аз рӯи хабари ситоди интихобот, 65, 96% интихобкунандагон ба тарафдории М. Аҳмадинажод овоз доданд. Ҳарифони ӯ Мирҳусейн Мӯсавӣ 31, 19%, Мӯҳсин Ризоӣ 1,95% ва Маҳдии Каррубӣ 0,88% овози интихобкунандагонро ба даст оварданд. Дар интихобот қариб 80% интихобкунандагон ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сиёсатмадорон ва вакилони Маҷлиси Эрон Маҳмуд Аҳмадинажодро ба ин муносибат табрик намуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






