МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Хуҷанд, 10 июн. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Дирӯз дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода маҷлиси фаъолони вилоят баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии вилоят дар давоми 5 моҳи гузашта ҷамъбаст карда шуданд. Зикр шуд, ки дар ин муддат нақшаи қисмати даромади буҷет 104 % ва қисмати хароҷоти он 95,7% иҷро шуд. Дар давоми 5 моҳи гузашта дар вилоят нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноат 100,8 % ба иҷро расид. Маблағи хариду фурӯши мол бо мамлакатҳои хориҷӣ 304,1 миллион доллари ИМА ва маблағи воридоти мол аз хориҷи кишвар 250 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин нисабт ба ҳамин давраи соли гузашта 15 миллион доллар зиёд мебошад. Дар давоми моҳҳои гузашта барои иҷрои барномаҳои умумиҷумҳуриявӣ дар ҳудуди вилоят 18,9 миллион доллари ИМА сарф шуд. Дар ин муддат дар қисмати шимолии мамлакат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 % бештар маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъ оварда шуд. Аз ҷумла, 122,5 тонна сабзавоти барвақтӣ ба харидорон пешкаш гардид.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






