МАҶЛИСИ НАВБАТИИ КОРШИНОСОНИ ИДМ
Минск, 11 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дирӯз дар пойтахти Белорусия-шаҳри Минск маҷлиси навбатии гурӯҳи коршиносони мамлакатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои манфиатдори молиявӣ ширкат варзиданд. Дар маҷлис лоиҳаи барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи муайян ва мувофиқ сохтани меъёрҳои меҳнат муҳокима шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлис намояндагони ваколатдори Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштанд. Ин масъала дар Кумитаи иҷроияи ИДМ бо ташаббуси Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар лоиҳаи барнома тадбирҳои марбут ба муайян ва муқаррар намудани меъёрҳои умумии меҳнат, ба он ҷалб намудани ҳамаи иштирокдорони шартномаҳои ҳамкорӣ ва ташкили марказҳои маълумот дар ин масъала пешбинӣ карда мешавад. Коршиносон пешниҳод карданд, ки барномаи мазкур бояд минбаъд ҳамаҷониба такмил дода шавад. Маҷлиси ояндаи гурӯҳи корӣ дар масъалаи такмилу таҳрири барнома дар давоми семоҳаи аввали соли 2010 гузаронида мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






