МАҶЛИСИ ШЎРОИ РОҲБАРОНИ ҶУЗЪУ ТОМҲОИ МАРЗБОН
Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).-Дар шаҳри Южно-Сахалинск маҷлиси 61-уми Шӯрои фармондеҳони ҷузъу томҳои марзбони давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Маҷлис таҳти раёсати фармондеҳи Хадамоти марзбони Русия Владимир Проничев гузашт. Дар маҷлис қариб 100 нафар, аз ҷумла ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии фармондеҳи артиши марзбони мамлакат Шералӣ Мирзо иштирок намуд. Инчунин дар маҷлис намояндагони Туркманистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Белорусия, Молдавия ва Украина ширкат варзиданд.Иштирокчиёни маҷлис 25 масъаларо баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо 28 қарор қабул карданд. Раиси шӯъбаи ҳамоҳангсози шӯрои мазкур Александр Манилов баъди анҷоми маҷлис зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр кард, ки дар сарҳадҳои дохилии мамлакатҳои ИДМ минтақаҳои назоратию пайшиносӣ бунёд карда нахоҳад шуд. Танҳо муҳофизати сарҳади Гурҷистон, Иристон ва Обхозистон пурзӯр карда мешавад. Дар ин ҷо ҷузъу томҳои марзбони Русия ба кор шурӯъ намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






