МАКТАБҲОИ ОЛИИ ҶТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ КУШОДИ ШАБАКАВИИ ИДМ ШИРКАТ МЕВАРЗАНД

Июнь 13, 2009 10:27

                   Маскав, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо»-и Маскав конфронси муассисони Донишгоҳи кушоди шабакавии ИДМ анҷом ёфт. Дар он намояндагони 10 мактаби олии давлатҳои Иттиҳод иштирок доштанд.  Иштирокчиёни конфронс дар бораи таъсиси Донишгоҳи кушоди шабакавии ИДМ, бо роҳҳои муштарак ва якҷоя тайёр намудани мутахассисон, сохтори маъмурии Донишгоҳи нав ва нақшаи таълимии онро мувофиқа ва тасдиқ намуданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз Тоҷикистон дар фаъолияти Донишгоҳи кушоди шабакавии ИДМ Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Донишгоҳи миллии мамлакат ширкат меварзанд. Ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон М. Имомов ва муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М. Исоматов дар конфронси мазкур иштирок намуданд.                  Ҳадафи ташкили донишгоҳ дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил бунёд сохтани фазои воҳиди таълимию маърифатӣ ва илмӣ, вусъати ҳамкорӣ ва равобити мактабҳои олӣ, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва ғайра мебошад.  

Июнь 13, 2009 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид