МАКТАБҲОИ ОЛИИ ОЛТОЙ ДОНИШҶУЁНИ СУҒДИРО ИНТИЗОР АСТ

Июнь 3, 2009 09:43

               Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 10 нафар донишҷӯ аз вилояти Суғд дар мактабҳои Олии вилояти Олтойи Федератсияи Русия таҳсил хоҳанд кард. Дар ин бора аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар доданд.                 Ба иттилои манбаъ 1 июн Губернатори Олтой Александр Карлин дар бораи ҷудо намудани маблағ барои таҳсил, зист ва таъминоти бурсии (стипендия) донишҷӯёни тоҷик фармоиш имзо кардааст.                Таҳсил мутобиқ ба Меморандуми ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ- техникӣ ва гуманитарӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва маъмурияти вилояти Олтой ташкил мегардад.                 Муҳассилини тоҷик аз 1-уми сентябри соли равон як нафарӣ дар Донишгоҳҳои давлатии техникӣ ва аграрии Олтой ва 8 нафари боқимонда дар Донишгоҳи давлатии тиббии Олтой тайи 5 сол таҳсил мекунанд. Пардохти таҳсили ин донишҷӯён, зист ва таъминоти бурсии онҳо аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети вилояти Олтой дар бахши маориф пешбинӣ шудаанд, амалӣ мегардад.                 Мавриди ёдоварист, ки 17 сентябри соли 2007 дар шаҳри Москва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва Губернатори Олтой Александр Карлин «Меморандум байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти вилояти Олтойи Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва гуманитарӣ» -ро имзо карданд. Ин санад ҳамкории ҷонибҳоро барои солҳои 2007-2012 пешбинӣ менамояд.  

Июнь 3, 2009 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст