МАКТАБИ ТОБИСТОНАИ ТАЪРИХШИНОСОНИ ҶАВОН

Июнь 16, 2009 14:50

                 Ереван, 16 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Дар пойтахти ҷумҳурии Арманистон- шаҳри Ереван Мактаби тобистонаи байналхалқии таърихшиносони ҷавони мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил кушода шуд. Мавзӯи имсолаи машғулиятҳои он «Таърихи имрӯза ва омӯзиши таърихи мамлакатҳои ИДМ» мебошад.                 Директори Пажӯҳишгоҳи таърихи умумии Академияи илмҳои Федератсияи Русия Александр Чубарян аҳамияти фаъолияти муштараки илмии олимони ҷавонро таъкид намуда, диққати иштирокчиёни маросими ифтитоҳи мактабро ба бештар сохтани теъдоди мамлакатҳо дар фаъолияти мактаб ҷалб намуд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Мактаби байналхалқии тобистонаи олимони ҷавони мамлакатҳои ИДМ дар Ереван 4 сол боз фаъолият дорад. Олимони ҷавони мамлакатҳои гуногун ба туфайли он бисёр масъалаҳои баҳсноки таърихиро якҷоя таҳқиқ менамоянд. Мактаби мазкур бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи таърихи умумии Академияи илмҳои Русия ва дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ таъсис дода шуд. Дар фаъолияти мактаб намояндагони Арманистон, Белорусия, Қазоқистону Қирғизистон, Молдавияю Русия, Тоҷикистону Ўзбекистон ва Украина ширкат меварзанд.

Июнь 16, 2009 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид